Баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати нақлиёти ҶТ бо БОР

Дар Вазорати нақлиёти ҶТ  бо намояндагони гурӯҳи коршиносони Бонки Осиёии Рушд вохӯрӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, дар вохӯрӣ аз ҷониби вазорат, муовини вазир Шералӣ Ганҷалов, сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо Бозоралӣ Ҳаётов, сармутахассиси Шӯъбаи кор бо сармоягузории хориҷӣ Сӯҳроб Одинаев ва директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Мухтор Неъматов […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати нақлиёти ҶТ  бо намояндагони гурӯҳи коршиносони Бонки Осиёии Рушд вохӯрӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, дар вохӯрӣ аз ҷониби вазорат, муовини вазир Шералӣ Ганҷалов, сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо Бозоралӣ Ҳаётов, сармутахассиси Шӯъбаи кор бо сармоягузории хориҷӣ Сӯҳроб Одинаев ва директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Мухтор Неъматов аз ҷониби меҳмонон, мутахассис оид ба бахши молиявии Шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ҷаноби Приянка Суд иштирок намуданд.

Ҷонибҳо масъалаи баҳодиҳии кумаки техникӣ барои дастгирии рушди шарикии давлат дар бахши хусусиро баррасӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ муовини вазир Ш. Ганҷалов ба меҳмон дар хусуси бахши фазои инвеститсионӣ ва дастгирии рушди шарикии давлат дар бахши хусусӣ маълумот дод. Барои татбиқи дастгирии рушди шарикии давлат дар бахши хусусӣ, иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол, нигоҳдории қитъаи роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Обигарм (76 км) ба ширкати ҶФДММ “Ғаюр-1” ва қитъаи роҳи Нуробод-Нимич (73 км) ба Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” супорида шудааст

Масъалаҳо оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои соҳаи нақлиёт (ба монанди таҷдиди роҳҳои Душанбе-сарҳади Қирғизистон марҳилаҳои 1, 2, 3, Душанбе-Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент, Восеъ-Ховалинг ва таҳияи нақшаи генералии сектори нақлиёт), ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мешаванд, инчунин муайян намудани самтҳои ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.