Нашри 5 ҳазор адад плакати таблиғотӣ ба ҳар кадоме аз номзадҳо

Дар нашриёти «Шарқи озод» имрӯз чопи плакатҳои таблиғотӣ барои номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон ба итмом мерасад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод, плакатҳои таблиғотии номзадҳо аз ҳисоби воситаҳои аз буҷети давлатӣ ҷудогардида барои баргузории маъракаи интихоботи президенти мамлакат нашр карда мешаванд. «Андозаи онҳо якхела буда, барои ҳар кадоме […]

Аваз Юлдошев


Дар нашриёти «Шарқи озод» имрӯз чопи плакатҳои таблиғотӣ барои номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон ба итмом мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод, плакатҳои таблиғотии номзадҳо аз ҳисоби воситаҳои аз буҷети давлатӣ ҷудогардида барои баргузории маъракаи интихоботи президенти мамлакат нашр карда мешаванд. «Андозаи онҳо якхела буда, барои ҳар кадоме аз номзадҳо 5 ҳазор адад аз чунин плакатҳо ба чоп мерасад, ки дар он аксҳо ва иқтибос аз барномаҳои номзадҳо ҷой дода  шудааст», – гуфт ӯ.

Барои баргузории маъракаи инихоботи президенти Тоҷикистон аз буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ беш аз 10 млн. сомонӣ ҷудо мегардад.

Ба қавли Додоев, рӯзи панҷшанбе дар КМИР гурӯҳи навбатии нозирони байнулмилалӣ дар интихобот ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ИМА- 18, Чин -8, Британияи Кабир – 8, Фаронса – 1, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – 25, Дафтари  ниҳодҳои  демократӣ  ва ҳуқуқи инсони САҲА (ДНДҲИ/САҲА) – 141, Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА – 43, СҲШ – 5 ва Парлумони Аврупо – 9 нафарро ташкил додаанд.

«Ҳамин тариқ, шумори нозирони байнулмилалӣ ба 283 нафар расида, дар маҷмӯъ то имрӯз 413 нафар нозирон ба қайд гирифта шуданд, – иброз дошт номбурда. – Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз иштироки беш аз 700 нозирони байнулмилалӣ дар ин маърака интизорӣ меравад».

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Бо қарори КМИР номзадҳо ба мансаби президентӣ ба суханронии 30-дақиқаинаи ройгон дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ ҳуқуқ дошта, ба шахсони бовариноки номзадҳо низ дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ 20 дақиқа эфир дода мешавад. «Ҳамчунин номзадҳо ҳуқуқ доранд, ки дар матбуотӣ расмӣ маълумот дар бораи барномаҳои пешазинихоботии худ дар ҳаҷми 10 саҳифаи чопӣ (шрифти 14)-ро низ ба нашр расонанд.

Айни замон дар манотиқи кишвар мулоқоти номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон ҷараён дорад, ки то 1-уми ноябр идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.