Дар нашриёти «Шарқи озод» имрӯз чопи плакатҳои таблиғотӣ барои номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон ба итмом мерасад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод, плакатҳои таблиғотии номзадҳо аз ҳисоби воситаҳои аз буҷети давлатӣ ҷудогардида барои баргузории маъракаи интихоботи президенти мамлакат нашр карда мешаванд. «Андозаи онҳо якхела буда, барои ҳар кадоме аз номзадҳо 5 ҳазор адад аз чунин плакатҳо ба чоп мерасад, ки дар он аксҳо ва иқтибос аз барномаҳои номзадҳо ҷой дода шудааст», – гуфт ӯ.
Барои баргузории маъракаи инихоботи президенти Тоҷикистон аз буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ беш аз 10 млн. сомонӣ ҷудо мегардад.
Ба қавли Додоев, рӯзи панҷшанбе дар КМИР гурӯҳи навбатии нозирони байнулмилалӣ дар интихобот ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ИМА- 18, Чин -8, Британияи Кабир – 8, Фаронса – 1, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – 25, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА (ДНДҲИ/САҲА) – 141, Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА – 43, СҲШ – 5 ва Парлумони Аврупо – 9 нафарро ташкил додаанд.
«Ҳамин тариқ, шумори нозирони байнулмилалӣ ба 283 нафар расида, дар маҷмӯъ то имрӯз 413 нафар нозирон ба қайд гирифта шуданд, – иброз дошт номбурда. – Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз иштироки беш аз 700 нозирони байнулмилалӣ дар ин маърака интизорӣ меравад».
Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.
Бо қарори КМИР номзадҳо ба мансаби президентӣ ба суханронии 30-дақиқаинаи ройгон дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ ҳуқуқ дошта, ба шахсони бовариноки номзадҳо низ дар ҳар кадоме аз шабакаҳои давлатии телевизионӣ 20 дақиқа эфир дода мешавад. «Ҳамчунин номзадҳо ҳуқуқ доранд, ки дар матбуотӣ расмӣ маълумот дар бораи барномаҳои пешазинихоботии худ дар ҳаҷми 10 саҳифаи чопӣ (шрифти 14)-ро низ ба нашр расонанд.
Айни замон дар манотиқи кишвар мулоқоти номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон ҷараён дорад, ки то 1-уми ноябр идома меёбад.



