Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон орому амн аст

spot_imgspot_img

Дата:


Айни замон вазъ дар марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон орому амн буда, таҳти назорат қарор дорад.

Сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ подполковник Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷониби Қирғизистон ба ду чоҳи нафтӣ даъво дорад, ки феълан кори онҳо қатъ шудааст. «Марзро гурӯҳи пурзӯршудаи марзбонони тоҷик посбонӣ мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Дар идома ӯ зикр кард, ки дар маркази маъмурии вилояти Суғд имрӯз комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо ба ҳаллу фасли ин масъала мепардозад.

Қобили зикр аст, ки то ҳол ҳудуди нисфи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ нашудааст.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шуда, ба ӯ иттилоъ дода шуд, ки рӯзи 24-уми октябр як гурӯҳи беш аз 100-нафараи хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон то масофаи 500 метр ворид шуда, ин амал мухолифи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи қатъи фаъолияти чоҳи нафтӣ то муайян шудани мансубияти он мебошад.

Ба сафири Тоҷикистон бо талаби таъҷилан аз қаламрави Қирғизистон хориҷ шудани марзбонони тоҷик ва даъват ба ҳаллу фасли мусолиматомези вазъи мавҷуда нотаи эътирозии ВКХ Қирғизистон супурда шуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...