Хешони сарбози гумшуда аз худ дарак доданд

Хешони сарбози тоҷики дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бе ному нишон гумшуда, ки чанде қабл боқимондаҳои ҷасадаш дар назди Киев дарёфт шуданд, аз худ дарак доданд. Ахири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар деҳаи Юровка, ноҳияи Киево-Святошини вилояти Киеви Украина боқимондаҳои ҷасади сарбози тоҷики дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бедаракшуда Раҳмат Ҳимматов (соли таваллуд 1911), ки зимни […]

Меҳрангез Турсунзода


Хешони сарбози тоҷики дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бе ному нишон гумшуда, ки чанде қабл боқимондаҳои ҷасадаш дар назди Киев дарёфт шуданд, аз худ дарак доданд.

Ахири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар деҳаи Юровка, ноҳияи Киево-Святошини вилояти Киеви Украина боқимондаҳои ҷасади сарбози тоҷики дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бедаракшуда Раҳмат Ҳимматов (соли таваллуд 1911), ки зимни муҳориба барои муҳофизати шаҳри Киев моҳи августи соли 1941 ба ҳалокат расидаасту то ҳанӯз бедаракшуда маҳсуб меёфт,

дарёфт гардид.

Тибқи нишон (жетон)-и шахсии дарёфтшуда, Р.Ҳимматов зодаи Қубодиён, шӯрои деҳоти Самсолиқ, ноҳияи Комосомлобод (феълан Нуробод)-и ҶШС Тоҷикистон аст. Ӯ аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Комсомолобод ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. Ному насаби ҳамсараш Тоҳирова Эброви зикр шудааст.

Дар ин робита ба идораи ОИ «Азия-Плюс» Фаррух Мӯминов муроҷиат намуда, хабар дод, ки ӯ набераи Раҳмат Ҳимматов мебошад. Ба гуфтаи номбурда, ӯ ҳанӯз аз модаркалонаш ҳодисаи дар овони ҷавонӣ ба ҷанг рафтан ба бедарак шудани бародарашро шунидааст.

«Ҳамаи хешони Р.Ҳимматов то ҳол бо суроғаи дар хабар зикршуда зиндагӣ доранд. Чор бародарону хоҳарон то охири умр умедвор буданд, ки аз бародари гумшудаашон ягон хабаре дарёбанд», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки ҳуҷҷатҳоеро дар даст дорад, ки хеш будани онҳоро тасдиқ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷабҳаҳои набарди ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 290 ҳазор сарбозону афсарони тоҷик корнамоиҳо нишон дода, 90 ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Дар ҶБВ 49 нафар тоҷикистониён ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 14 нафар бо маҷмӯи пурраи се дараҷаи ордени Шараф ва зиёда аз 55 ҳазор нафарашон бо мукофотҳои гуногуни ҷангӣ сарфароз гардонида шуданд.

Моҳи апрели соли гузашта, бо гузашти қариб 70 сол дар назди шаҳри Санкт-Петербург қабри сарбози тоҷики замони ҶБВ бедаракшуда Зайниддин Осимӣ дарёфт гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.