Қариб 150 ҳазор доллари ИМА барои таъмири осорхонаҳои таърихии Тоҷикистон

Дар чорчӯбаи барномаи Хазинаи сафирони ИМА оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (ХСҲМФ), сафорати ИМА бо мақсади тармиму таҷдиди осорхонаҳои таърихии шаҳри Ҳисор ва Конибодом ду лоиҳаро дастгирӣ хоҳад кард.  Барномаи ХСҲМФ-и сафорати ИМА ба нигаҳдории мероси беназир бахшида шудааст. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ташкилоти давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» барқарорсозии […]

ASIA-Plus


Дар чорчӯбаи барномаи Хазинаи сафирони ИМА оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (ХСҲМФ), сафорати ИМА бо мақсади тармиму таҷдиди осорхонаҳои таърихии шаҳри Ҳисор ва Конибодом ду лоиҳаро дастгирӣ хоҳад кард.  Барномаи ХСҲМФ-и сафорати ИМА ба нигаҳдории мероси беназир бахшида шудааст.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ташкилоти давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» барқарорсозии осорхонаи Ҳисорро, ки бинои пештараи Мадрасаи Кӯҳна мебошад, амалӣ менамояд. Моҳи сентябри соли 2015 Ҳукумати Тоҷикистон 3000-солагии Ҳисорро қайд мекунад. Гранти ХСҲМФ, ки 72 300 доллари ИМА-ро пешниҳод  мекунад, барои таъмири девору боми мадраса, таъмин бо таҷҳизоти муосир ва тартиби маводҳои маълумотӣ ва тарғиботиро барои таҷлили солгард истифода бурда мешавад.

Ташкилоти ҷамъиятии “Тараққиёт”, дар ҳамкории зич бо ҳукумати маҳаллӣ, барқарорсозии мадрасаи таърихии Мирраҷаб Додҳои шаҳри Конибодомро амалӣ менамояд. Мадраса, ки ҳоло ҳамчун осорхонаи таърихӣ истифода мешавад ва дар таҳти назорати Вазорати фарҳанг қарор дорад, дар шимолушарқи шаҳри Конибодом ҷойгир аст. Ин мадраса дар нимаи дуввуми асри 17 (1659-1669) бо ёрии ҳунармандони маҳаллӣ бунёд шудааст. Масоҳати умумии мадраса 1693 метри квадратӣ буда, аз ду айвони бузург, манора ва 26 ҳуҷра иборат аст. Лоиҳаи ХСҲМФ, ки 79 600 доллари ИМА-ро пешниҳод мекунад, таъмири девору боми бино ва таъмини таҷҳизотҳои ҳозиразамонаро дар назар дорад,.

Аз соли 2001, ХСҲМФ 15 лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон дастгирӣ карда, беш аз 500 000 доллари ИМА-ро барои нигаҳдории мероси беназири Тоҷикистон пешкаш намудааст. Нигаҳдориву тармими мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад дар Шаҳритуз, ки дар асри 9 сохта шудааст, ҳифзи нақшҳои рӯи девории гулҳои лола аз Қасри поёнии Панҷакенти бостонӣ, барқарорсозӣ ва ҳифзи осори Осорхонаи давлатии антиқа мисоли лоиҳаҳои гузашта ҳастанд.

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари  ИМА ҷудо намудааст .

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.