Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати оғози пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як аксия оғоз гардид.
Дар доираи ин аксия шунавандагони шаҳри Хуҷанд метавонанд дар ду барномаи беҳтарин ва дӯстдоштатарини сокинони пойтахт «Радиоипатрул» ва «Остров сокровищ» (Ҷазираи ҷавоҳирот) ширкат варзанд.
Муддати ду рӯз шореҳони варзидаи радио аз соати 09:00 то соати 18:00 миёни аҳолӣ бозиву озмун ва викторинаҳои гуногун доир намуда, ғолибон соҳиби туҳфаҳои арзишманд, аз қабили телефони Fly-и мағозаи «Плазма», купони 20 литр гази моеъ барои автомашина, туҳфаҳои гуногуни мағозаи «Бош» ва сарпарасти кулли аксия – ширкати Imon International мегарданд.
Қобили зикр аст, ки аз 14-уми августи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд пахши санҷишии барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар диапазони FM дар басомади 104.4 Mhz оғоз гардид. Акнун барномаҳои радиои «Азия-Плюс»-ро метавон дар шаҳри Хуҷанд, Чкаловск ва ноҳияҳои Зафарободу Бобоҷон Ғафуров низ шунид. Интиқоли мавҷ бо дастгирии фаннии ширкати «Вавилон-Т» имконпазир гардид.
Ёдрас мекунем, ки шабакаи мустақили радиои «Азия-Плюс» барои пахши барномаҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва тавассути интернет иҷозатнома дастрас кардааст. Ҳамин тариқ, моҳи апрели соли 2012 пахши барномаҳои радио дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардид. Дар минтақаи ҷануб пахши барномаҳои радио тавассути ҳамон басомади дар пойтахт мавҷуда – 107 FM сурат мегирад.
Радиои ASIA-Plus – нахустин радиои мустақили Душанбе мебошад. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дода, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳо пахш мекунад. Шакли барномасозии радио – иттилоотию мусиқӣ аст. Нашрҳои хабарӣ ҳар соат пахш мешаванд.



