Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар ҷаласа масъалаҳои рушди минбаъдаи ҷараёни ҷорисозии ТШСИ дар Тоҷикистон, муайян кардани вазифаҳои фаннии фарогирии таҳқиқоти ҳисобот дар ин самт, маъқул шуморидани вазифаи фаннӣ, муроҷиат ба Котиботи байнулмилалӣ ва Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати муқаррар намудани номзадии мушовир ҳангоми баргузории ин таҳқиқот, ворид намудани тағйирот ба Нақшаи кории Шӯрои ТШСИ бо назардошти тағйирёбии муҳлатҳои амалисозии ТШСИ, ташаббуси ба Тоҷикистон додани мақоми ҷонибдори ТШСИ ва таҳлили асосҳои ҳуқуқии ташаббус баррасӣ шуда, барои мукаммал сохтани Нақшаи корӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Гуфта мешавад, зимни натиҷагирӣ аз кори ҷаласа муовини вазири молияи ҶТ, раиси Шӯрои ТШСИ Тоҷикистон Рӯҳулло Ҳакимов зарурати таҳияи саривақтии тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва омодагирӣ ба чорабиниҳо то ташрифи гурӯҳи кории Бонки ҷаҳониро таъкид намуд.
Таҷрибаи шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ)- стандарти ҷаҳонӣ буда, барои шаффофият дар соҳаҳои саноати истихроҷи нафту газ ва кӯҳканӣ мусоидат менамояд. Ташаббуси мазкур аз се ҷузъи асосӣ иборат аст: кӯшиши манфиат гирифтани ҳамаи ҷонибҳо аз истихроҷи захираҳои табиӣ; иттифоқи ҳукумат, ширкатҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ; стандарти интишори маълумоти пардохти ширкатҳо ва ифшои маълумоти ҳукуматӣ оид ба ворид шудани маблағҳо. Ҳамин тавр, ТШСИ такмили идораро дар кишварҳои аз канданиҳои фоиданок бой тавассути нашри маълумоти пардохти ширкатҳо ва даромади ҳукумат аз истихроҷи нафту газ дастгирӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ҳамроҳшавӣ ба ташаббуси мазкурро моҳи июни соли 2011 шурӯъ кард. Моҳи августи соли 2011 21 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз иқдоми мазкур дастгирӣ карда, Иттифоқи СҶШ «Шаффофият барои рушд»-ро таъсис доданд. Дар оғози соли 2012 намояндаҳои вазорату идораҳои дахлдор ва Иттифоқи СҶШ «Шаффофият барои рушд» ба Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон сафар карда, бо таҷрибаи ин кишварҳо дар пешбурди ТШСИ шинос шуданд.



