Натиҷаҳои нахусти интихобот субҳи 7-уми июн эълон мешаванд


Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ният дорад, ки натоиҷи нахусти интихоботи президентии санаи 6-уми июнро соати 10-и субҳи рӯзи 7-уми ноябр эълон кунад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки натиҷаҳои аввали интихоботро дар брифинг барои намояндагони ВАО раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён эълон намуда, сипас худи ҳамон рӯз соати 14:00-и вақти маҳаллӣ дар КМИР брифинги дигар низ доир мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентӣ бояд на дертар аз 10 рӯз пас аз баргузории онҳо эълон гарданд. «Ман умедворам, ки натиҷаҳои расмии интихоботи президенти Тоҷикистон хеле зудтар аз муҳлати тибқи қонун муқарраршуда эълон хоҳанд шуд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное