Боздошти гумонбарони ҳамла ба сӯйи қатораи Маскав-Душанбе

spot_imgspot_img

Дата:


Дар Русия гумонбарон ба ҳамлаи «сангӣ» ба қатораи самти Маскав-Душанбе, ки рӯзи 26-уми октябр рух дода буд, боздошт шуданд. Инҳо 8 нафар наврасони синни аз 15 то 18-сола мебошанд.

Нашрияи Аргументы и факты дар ин робита менависад, онҳо аллакай ба содир кардани ин амал иқрор шуда, аз баёноти онҳо метавон ба хулосае расид, ки ин амал мақсадҳои миллатгароёна надоштааст.

Гуфта мешавад, муносибати роҳбалади қатораи Душанбе онҳоро ба ин амал водор сохтааст, яъне роҳбалад ба дархости онҳо дар бораи кушодани дари вагон барои гузаштан ба платформаи дигар ҷиҳати нишастан ба қатораи самти наздишаҳрӣ эътибор надодааст.

Шоми рӯзи 26-уми октябр зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи роҳи оҳани Русия қатораи хатсайри Маскав-Душанбе

мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ҳамлаи ногаҳонӣ аз ҷониби як гурӯҳи иборат аз 20 нафар шахсони славянитабор сурат гирифта, 20 шишаи тирезаи вагонҳо шикаста ва ба чанде аз мусофирон осеби сабуки ҷисмонӣ расонида шудааст.

Ҳаҷми зиёни расида ба қатораи самти Маскав-Душанбе то ҳол

мавриди ҳисобу китоб

қарор дорад, вале аллакай ҳозир дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тахмин мезананд, ки ҳаҷми зарар 1,5 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 300 $)-ро ташкил хоҳад дод.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...