Номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, раиси ин ҳизб Саидҷаъфар Исмонов имрӯз соати 09:55 дақиқа ҳамроҳ бо аҳли оилаааш ҷиҳати овоздиҳӣ ба қитъаи интихоботии №2, воқеъ дар Хонаи адибони шаҳри Душанбе омад.
Исмонов интихоботро демократӣ ва озод номид. «То ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз мушоҳидачиёни ман дар бораи қонуншиканиҳо хабар надодаанд», – иброз дошт ӯ.
Пешвои демократҳо зикр кард, ки ба ғалабаи худ бовар дорад. «Ман номзадии худро пешбарӣ намуда, ба пирӯзӣ мутмаинам. Табиист, ки ман ба ҷонибдории хеш овоз додам», – баён дошт номбурда.
Ба С.Исмонов хотиррасон шуд, ки писараш нияти овоздиҳӣ ба президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро изҳор намуда буд. Посухи ӯ чунин садо дод: «Ман намедонам, ки дар ниҳояти кор писарам ба ҷонибдории кадом номзад раъй дод. Бар ҳар ҳол, ин интихоби шахсии ҳар як инсон аст».
https://www.youtube.com/watch?v=IJcQn4Ew_ek



