Дабирони кулли СААД ва САҲА вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд


Имрӯз дар қароргоҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Маскав мулоқоти дабири кулли ин созмон Николай Бордюжа бо дабири кулли Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) Ламберто Занйер доир мегардад.

Бино ба иттилои котиботи СААД, зимни мулоқот баррасии масоили амали мутақобила бо таҳдидҳои фаромарзӣ, мушкилоти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таъмини субботу амният, ҷилавгирӣ аз сар задани низоъҳо ва танзими онҳо дар тамоми минтақаи Авруосиё дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар гуфтушуниди ҷонибҳо ба вазъи кунунӣ ва минбаъдаи Афғонистон дар партави хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ аз ин кишвар дар соли 2014 таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Интизорӣ меравад, ки ҳамчунин атрофи масъалаи омодагӣ ба вохӯрии 20-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА (5-6-уми декабр, шаҳри Киев) низ табодули назар сурат хоҳад гирифт. 

spot_imgspot_img

Популярное