Кӯмаки молии БАТР ва «Бонки Эсхата» ба гурӯҳи ширкатҳои «Яхмос Групп»

Дар доираи амалисозии «Барномаи маблағгузории шарикӣ ба корхонаҳои миёнаи БАТР» Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) бо «Бонки Эсхата» қарордод ба имзо расониданд. БАТР ва «Бонки Эсхата» ба ширкати «Дилписанд» ва «Фархунда», ки ба ҳайати ширкатҳои «Яхмос Групп» шомиланд, дар ҳаҷми 850 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БАТР дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Дар доираи амалисозии «Барномаи маблағгузории шарикӣ ба корхонаҳои миёнаи БАТР» Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) бо «Бонки Эсхата» қарордод ба имзо расониданд. БАТР ва «Бонки Эсхата» ба ширкати «Дилписанд» ва «Фархунда», ки ба ҳайати ширкатҳои «Яхмос Групп» шомиланд, дар ҳаҷми 850 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хабар доданд, ин маблағ ба ширкатҳо барои дастрас кардани яхдонҳо ва таҷдиди технологияи истеҳсолот бо мақсади афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва зиёд кардани ҳиссаи ширкат дар бозор шароити мусоид фароҳам меоварад.

«БАТР бо қаноатмандӣ дар ҳамдастӣ бо «Бонки Эсхата» ба яке аз мизоҷони беҳтарин маблағгузорӣ мекунад ва иштироки мо дар ин қарордод муҳим аст, зеро имконоти бонкҳои маҳаллӣ баҳри мусоидат ба рушди ширкатҳои муваффақе чун «Яхмос Групп» то ҳол маҳдуд мебошад», – иброз доштааст дар ин робита роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Улф Хиндстрем.

Қобили зикр аст, ки ширкати «Яхмос Групп» ба истеҳсоли яхмос, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, самбӯса, тушбера (барак) ва манту машғул аст.

ҶСК «Бонки Эсхата» — яке аз иштирокчиёни фаъоли бозори молиявии Тоҷикистон буда, ҳамаи намуди амалиётҳои бонкиро амалӣ мегардонад. Шабакаи васеъи Бонки Эсхата аз 18 филиал, 41 маркази хизматрасонии бонкӣ ва зиёда аз 200 нуқтаҳои интиқоли пулӣ иборат аст.

«Бонки Эсхата» яке аз бонкҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор маҳсуб ёфта, ба панҷгонаи беҳтарин бонкҳои кишвар шомил аст. Арзишҳои муҳими Бонк боварӣ ва дастрасии хизматрасониҳо, устуворӣ ва шаффофият, махфият, навоварӣ, ягонагӣ маҳсуб меёбанд. Давоми 6 соли охир Бонки Эсхата бо ширкатҳои рейтингии байналхалқӣ ҳамкорӣ дорад, ки нишондиҳандаҳои молиявии бонкро баҳогузорӣ намудаанд.

Дар самти молиявию қарзӣ ва мустаҳкам намудани иқтисодиёти Тоҷикистон Бонки Эсхата таваҷҷȳҳи асосиро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию, иқтисодӣ ва беҳтар шудани некуаҳволии мардум равона мекунад. Дар давоми фаъолияти худ ҶСК «Бонки Эсхата» ба амалҳои хайру эҳсонкорӣ низ аҳамияти муҳим дода, ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ кȳмаки молиявии худро мерасонад. Ҳамзамон Бонк барои рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабиниҳои гуногуни варзиширо сарпарастӣ менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.