Низом Қосим: Маҳкум кардани Бозор Собир рафтори нодуруст аст

 – Бархе аз намояндагони ба истилоҳ журналистикаи озод ва мустақили тоҷик имрӯз бори навбатӣ кӯшиш доранд, ки барои бо шеър Эмомалӣ Раҳмонро ба пирӯзӣ дар интихобот табрик карданаш, шоири мардумии тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, устоди сухан Бозор Собирро бадном созанд», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, шоир, дорандаи […]

Аваз Юлдошев


 – Бархе аз намояндагони ба истилоҳ журналистикаи озод ва мустақили тоҷик имрӯз бори навбатӣ кӯшиш доранд, ки барои бо шеър Эмомалӣ Раҳмонро ба пирӯзӣ дар интихобот табрик карданаш, шоири мардумии тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, устоди сухан Бозор Собирро бадном созанд», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, шоир, дорандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Низом Қосим.

Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистони имрӯз ҳеҷ кас нафари дигареро барои таъриф ё интиқоди шасхе маҷбур намесозад ва Бозор Собир мутмаин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои худ дар назди халқу ватан ба эҷоди шеър дар васфаш арзанда аст.

«Ман ба ҳамаи ҷонибдорони демократияву озодии сухан маслиҳат медиҳам, ки таҳаммулпазир бошанду қадру қимати оддии инсониро риоя кунанд ва барои андешаи дигар доштан касеро мавриди таҳқир қарор надиҳанд», – зикр кард Н.Қосим.

Ёдрас мекунем, ки тобистони соли равон Бозор Собир аз муҳоҷират дар ИМА ба ватан баргашт. Дар нашриёти расмии ҳукумати Тоҷикистон «Ҷумҳурият» ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот ӯ Эмомалӣ Раҳмонро

бо шеър табрик намуд

.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.