Фаъолияти 5 мадрасаи Суғд то ҳол барқарор нашудааст

Фаъолияти 5 мадраса дар вилояти Суғд то ҳол барқарор нашудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов хабар дод, аз моҳи июни соли равон то дастрас намудани иҷозати Вазорати маориф фаъолияти мадрасаҳо қатъ шуда буд. «Гурӯҳи кории махсус айни замон ба таҳияи нақшаи таълимии мадрасаҳо ва муқаррар кардани меъёри […]

Мавлуда Рафиева


Фаъолияти 5 мадраса дар вилояти Суғд то ҳол барқарор нашудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов хабар дод, аз моҳи июни соли равон то дастрас намудани иҷозати Вазорати маориф фаъолияти мадрасаҳо қатъ шуда буд.

«Гурӯҳи кории махсус айни замон ба таҳияи нақшаи таълимии мадрасаҳо ва муқаррар кардани меъёри таҳсил дар он машғул буда, мо ният дорем, ки ба барномаи таълим дар қатори фанҳои динӣ ҳамчунин машғулиятҳо оид ба омӯзиши ягон касбро низ шомил созем, то ки хатмкардагони мадрасҳо минбаъд дар баробари фаъолияти динӣ боз ба касбе шуғл дошта бошанд, ки сарчашмаи иловагии даромад ба онҳо гардад», – иброз дошт А.Шарифов.

Ба қавли ӯ, мадрасаҳои вилояти Суғд танҳо пас аз таҳияи нақшаи корӣ ва муқаррар гардидани меъёрҳои таҳсил, иҷозатномаи Вазорати маорифро дастрас карда метавонанд.

Қобили зикр аст, ки феълан дар саросари ҷумҳурӣ 6 мадраса амал мекунад, ки панҷтои он дар қаламрави вилояти Суғд – шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият доранд. Дар онҳо 300 нафар толибилмон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.