Реҷаи пурзӯри фаъолият дар консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Бинобар сабаби муроҷиатҳои беҳад зиёд хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дар реҷаи пурзӯр фаъолият дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намоляндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, мавсими тирамоҳ ба охир расида, аксари ҳамватанони мо ба ватан бармегарданд. «Чанде аз онҳо ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоранд ва барои таҳияи он ба мо муроҷиат […]

Пайрав Чоршанбиев


Бинобар сабаби муроҷиатҳои беҳад зиёд хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дар реҷаи пурзӯр фаъолият дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намоляндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, мавсими тирамоҳ ба охир расида, аксари ҳамватанони мо ба ватан бармегарданд. «Чанде аз онҳо ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоранд ва барои таҳияи он ба мо муроҷиат мекунанд, ки чунин муроҷиатҳо ҳозир хеле зиёданд», – иброз дошт ӯ.

Эгамзод зикр кард, ки мутобиқи супориши сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, кормандони хадамоти консулгарӣ аз вақти таъиншуда зиёдтар, аз субҳи барвақт ба фаъолият оғоз намуда, ғайр аз ин, барои расидагии саривақт ба муроҷиати ҳамватанон, кормандони дигар сохторҳои сафорат низ ба ин хадамот сафарбар шудаанд.

«Алҳол расидагӣ ба ҳамаи муроҷиатҳо муяссар гардида, кор тибқи реҷа роҳандозӣ шудааст. Қабули шаҳрвандон рӯзҳои истироҳат низ ба роҳ монда шудааст. Дар ин рӯзҳо шаҳрвандони муроҷиаткардаро навбатдорон қабул мекунанд. То ҳанӯз кормандони мо аз уҳдаи иҷрои чунин ҳаҷми кор ба хубӣ баромада истодаанд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.