Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-октябри соли равон 4 млрд. 332,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар ба 4 млрд. 117,8 млн. доллари ИМА баробар шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷӣ содирот 970 млн. ва воридот беш аз 3,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, моҳи октябри соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 524,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нишондиҳандаи беҳтарини сол мебошад.
Зикр мегардад, ки аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷӣ беш аз 40% ё худ 1 млрд. 759 млн. доллари ИМА ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 2 млрд. 571 млн. доллари ИМА ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд.
Дар зарфи 10 моҳи соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон нисбати кишварҳои узви ИДМ – 44,3% ё худ 1 млрд. 823,6 млн. доллари ИМА ва нисбати кишварҳои хориҷи дур – 55,7% ё худ 2 млрд. 294,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.


