Зимни вохӯрии чанде қабл доиргардидаи вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Марша Олив масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати молияи ҶТ, ҷонибҳо ба масоили ҳамкориҳо дар бахши энергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати барқи CASA-1000 таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, зикр карданд, ки ин лоиҳа хеле худкифо хоҳад буд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин оид ба амалисозии барномаҳои минбаъдаи муштарак ва зарурати ҳамоҳангсозии муносибатҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор ва дигар созмонҳои байнулмилалии моливу бонкӣ изҳори назар намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот зимнан зикр гардид, ки тамоми тадбирҳои пешгирифта аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд.
Гуфта мешавад, Наҷмиддинов ба намояндаи БҶ миннатдорӣ изҳор намуда, зикр кард, ки дар давоми ҳамкорӣ бо бонк, бахусус дар қисмати баргузор намудани ислоҳот дар бахшҳои молиявӣ пешравии назаррас ба даст оварда шуд.
Зикр гардид, ки дар мулоқот ҳамчунин роҳбари лоиҳаи CASA-1000, сарвари барномаи энергетикӣ оид ба Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Сунил Кумар Хосла низ ҳузур дошт.


