Дар Хатлон филиалҳои нави «Амонатбонк» боз шуданд

Date:


Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дошт.

Тавре аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, Гулнора Ҳасанова дар якҷоягӣ бо намояндагони вилояти Хатлон ва мақомоти маҳаллиии ноҳия дар маросими  кушодашавии биноҳои филилаҳои Бонк дар ноҳияи Муъминобод ва Ҳамадонии вилояти Хатлон ширкат варзид.

Ба иттилои манбаъ, бинои филиали бонк дар ноҳияи Мӯъминобод аз ду ошёна иборат буда дорои 12 утоқи корӣ барои 22 нафар корманди ин филила ва мизоҷони он хизмат мерасонад. Дар маросими кушодашавии ин бино ба 40 нафар пирони барнодили ноҳия, ки даъват шуда буданд ёрдампулӣ пешниҳод карда шуд.

Гуфта мешавад, имрӯз дар филилали Амонатбонки ноҳияи мазкур ҳамагуна хизмарасониҳои бонкӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст ва аз ҷумла нафақагирони ноҳия, ки  нафақапулии худро маҳз аз Амонатбонк дастрас мекунанд аз ифтитоҳи ин бино изҳори миннатдорӣ намуданд. Имрӯз талаботи якмоҳаи нафақа дар ноҳияи Муъминобод 1 млн. 680 ҳазор сомониро дар бар мегирад ва шумораи умумии нафақагирони ноҳия 6183 нафарро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар маросими боз шудани бинои нави филилаи «Амонатбонк» дар ноҳияи Ҳамадонӣ нафақагирони ноҳия баён намуданд, ки масъалаи пардохти нафақа ва хизмарасониҳои кормандони филиал барои беҳдошти рӯзгори онон ва пардохти саривақтии нафақапулии онҳо равона карда шудааст. Пас аз ифтитоҳи ин бинои Амонатбонк ба 20 нафар пирони рӯзгордидаи ноҳия кумакипулҳо тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз филиали Амонатбонк дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар баробари дигар мизоҷони худ боз ба  11 ҳазору  426 нафар нафақагир бо талаботи якмоҳаи 1 млн. 294 ҳазор сомонӣ хизмат мерасонад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...