Филиали Ассотсиатсияи “ХЕЛЬВЕТАС Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон маълумотномаро бо суроға ва рақами телефонхои марказҳои ёрии ҳуқуқии ройгони давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар тамоми қаламрави кишвар фаъолият доранд, ба табъ расонд.
Тавре Дилбар Рӯзадорова, масъули бахши робита бо ҷомеаи Ассостсиатсия хабар дод, ин маълумотнома суроғахои 90 марказҳои ёрии ҳуқуқӣ ва 5 марказҳои буҳронӣ ва инчунин ҷадвали ҳозираи радио-эфирхои ҳуқуқиро дар бар дорад.
Ба иттилои номбурда, маълумотномаи «Суроғаҳои марказҳои ёрии ҳуқуқӣ» барои хар фарде, ки ба ёрии ҳуқуқӣ ниёз дорад, ҳамчун раҳнамо хизмат мекунад ва ба таври ройгон байни мақомотхои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва созмонхои рушд паҳн шудааст. Барои дарёфти он ба суроғаи электронии зер муроҷиат намоед:
[email protected]
Гуфта мешавад, ин маълумотнома дар чорчубаи лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат” аз ҷониби филиали Ассотсиатсияи “ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ таҳия шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ гашта, мақсади асосии он дар баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ахолӣ ва беҳбуд намудани ёрии ройгони ҳуқуқӣ дар муомилаҳои оилавӣ равона шудааст.
Лоиҳа бо ташкилотҳои маҳаллии “ИНИС”, “Идораи Ҳуқуқи инсон ва риояи қонун”, “Маркази ҳуқуқи инсон”, “Мададгор”, “Лигаи занони ҳуқуқшинос” ва “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” ҳамкории зич дорад.


