Коҳиши шумори пардохтҳои андоз дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ


Дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ коҳиши назаррасии нишондиҳандаи вақти зарурӣ барои мутобиқати меъёриву ҳуқуқӣ (220 соат) ва шумори пардохтҳо аз андоз (25 пардохт) ба мушоҳида мерасад.

Дар гузориши нав таҳти унвони «Пардохти андоз-2014»-и таҳияшуда аз ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байнулмилалии асъор ва Pricewaterhouse Coopers дар ин робита зикр мегардад, ки бидуни назардошти кишварҳои Африқо, дар ин минтақаҳо меъёри умумии андоз (15,7 банди фоизӣ) ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, нишондиҳандаи сатҳи миёнаи меъёрӣ андоз дар ин минтақа 39,5%-ро ташкил додааст, ки аз нишондиҳандаи сатҳи ҷаҳонӣ (43,1%) нисбатан камтар аст.

Дар гузориш қайд мешавад, ки аз соли 2004 ҳиссаи аз ҳама бештар (тақрибан 50%) дар меъёри умумии андоз дар минтақаҳои мазкур ба андози фонди музди меҳнат рост омада, дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳиссаи ин нишондиҳанда ба андозҳои «дигар» мансуб аст, ки ба беш аз 60% аз нишондиҳандаи меъёри умумии андоз баробар аст.

Гуфта мешавад, нишондиҳандаи миёнаи вақти зарурӣ барои мутобиқати меъёриву ҳуқуқӣ дар ин минтақа 256 соатро ташкил додааст, ки аз нишондиҳандаи миёнаи сатҳи ҷаҳонӣ 12 соат (268 соат) камтар буда, тайи 9 сол вақти зарурӣ барои иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи пардохти андоз 46% камтар шудааст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки аз 19 кишварҳои минтақа 12 кишвар низоми электронии пешниҳоди ҳисоботи пардохти андозро ҷорӣ карда, шумори пардохтҳо аз рӯи андоз дар ин минтақа 29,6 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба сатҳи ҷаҳонӣ (26,7) нисбатан зиёдтар мебошад. Дар муддати давраи 9-сола шумори пардохтҳо мунтазам (25 адад) коҳиш ёфта, аз 54,4 то ба 29,5 расидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои дигар минтақаҳо ду баробар зиёдтар аст.

spot_imgspot_img

Популярное