Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши Муколамаи ҳамкории Осиё


Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар ҳамоиши дувоздаҳуми Вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО), ки дар таърихи 24-25 ноябри соли 2013 дар пойтахти Подшоҳии Баҳрайн шаҳри Манома, баргузор гашт, ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳамоиши мазкур роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо гузориш дар бораи иқдомоти кишвар дар давраи раёсати он дар Муколамаи ҳамкории Осиё баромад карда, диққати ҳозиринро ба пешниходҳои Тоҷикистон доир ба таъсиси шабакаҳои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои МҲО дар масъалаҳои офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об байни кишварҳои МҲО ва рушди саёҳат дар минтақаи Осиё ҷалб намуд. Маврид ба зикр аст, ки пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви МҲО мавриди дастгирӣ қарор гирифта, он дар эъломияи Манома, ки дар фарҷоми ҳамоиши дувоздаҳуми Вазирони корҳои хориҷии МҲО қабул гардид, дарҷ ёфт.

Дар ҳошияи иштирок дар ҳамоиши дувоздаҳуми Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои МҲО вохӯрии роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Муовини вазири корхои хориҷии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуйен Фуонг баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодии тарафайн матраҳ гардида, ҷонибҳо зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон масьалаи вусъат бахшидани ҳамкориҳоро дар чахорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо намояндагони Муғулистон, Уммон, Малайзия ва Баҳрайн мавриди муҳокима карор дод.

spot_imgspot_img

Популярное