Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр бо иштироки масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи бештарро дар ҷараёни баррасии масъалаҳо ба ҳолати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ нигаронида, муқаррар сохт, ки баҳри ташкили ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба афзудани имконияту иқтидорҳои истеҳсолии ширкатҳои маҳаллӣ ҳангоми баргузории тендерҳои шаҳрӣ танҳо ба ширкатҳои ватанӣ оид ба таъмини эҳтиёҷоти ташкилоту идораҳои коммуналӣ зимни хариди молу хизматрасонӣ авлавият дода шавад.
Дар ин росто зикр гашт, ки харидории фурӯзонакҳои каммасраф аз Корхонаи давлатии фаърӣ “Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ” -и шаҳри Душанбе ва мебелҳо аз ҶММ “Тоҷикмебел” роҳандозӣ гардад. Идома бар он, дастур фармуд, ки ҷиҳати таъминоти Муассисаи давлатии ”Равшании Душанбешаҳр” хатти истеҳсоли фурӯзонакҳои ҷавобгӯи талаботи муассисаи мазкур дар заминаи Корхонаи давлатии фаърӣ “Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ” ташкил карда шавад.



