Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд Клаус Герхаусерро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории судбахши дуҷониба баррасӣ шуда, бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд ин муассиса ба кишвари мо дар ҳаҷми беш аз 1 млрд. доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намудааст. Ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар бо маблағи зиёда аз 650 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои афзалиятноки муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки осиёии рушд барои дастгирии пайвастаи рушди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла барои дастгирии таҳияи лоиҳаи «Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон» арзи сипос кард. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бонки мазкур ҳамчунин дар маблағгузории сохтмони қисмати тоҷикистонии ин роҳ ширкат хоҳад дошт.
Ҳарду ҷониб изҳори ҳамфикрӣ карданд, ки имкониятҳои истифоданашуда дар ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ҳанӯз зиёд аст.
Гуфтугӯйи судбахш атрофи барномаи дар ҳоли таҳияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2014-2016 сурат гирифт. Таъкид гардид, ки дар ин барнома ба беҳтар намудани шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ ва рушди бахши хусусӣ бояд афзалият дода шавад.



