Дар ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург масъалаи иштироки нозирони байнулмилалӣ аз ин сохтор дар мониторинги интихоботи президенти Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Санкт-Петербург котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳров зикр кард, ки дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ ва зиёда аз 80 нафар намояндагони ВАО-и хориҷӣ ширкат варзиданд.
«Зуҳуров таъкид дошт, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон дар фазои орому осуда, мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ва меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифта, гурӯҳи нозирони ИДМ аз ҷараёни баргузории он қаноатманд ва ягон қонуншиканиеро, ки метавонист ба ҷараёни он таъсири ҷиддӣ гузорад, ошкор накард», – гуфт Султонов.
Ба гуфтаи ӯ, дар идома Зуҳуров барои иштироки фаъолона ва арзёбии воқеъии ҷараёни интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба ҳамаи иштирокчиёни гурӯҳи нозирон, аз ҷумла шӯро, котиботи шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва вакилони парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ миннатдорӣ изҳор намуд.



