Наришкин Зуҳуровро бо сафари расмӣ ба Русия даъват кард


Дар доираи сафар ба шаҳри Санкт-Петербург раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин гуфтушунид анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Санкт-Петербург котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуда, Зуҳуров изҳор кард, ки роҳандозии муносибатҳои боэътимод бо парлумони Русияро Тоҷикистон яке аз дастовардҳои асосӣ арзёбӣ мекунад.

«Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Сергей Наришкин барои дастгирии Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ аз ҷониби Русия изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки ин дастгирӣ ба рӯҳияи шарикии стратегӣ ва иттиҳоди ду кишвар созгор аст», – зикр кард Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, танзими раванди муҳоҷирати корӣ, маориф, кишоварзӣ, энергетика, мубориза бо ифротгароӣ ва терроризми байнулмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир сохтанд.

«Раиси Думаи давлатии Русия низ манфиатдории кишвараш дар густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро баён дошта, аз Зуҳуров даъват ба амал овард, ки дар ҳама гуна вақти барояш мусоид бо сафари расмӣ ба Русия ташриф орад», – афзуд М.Султонов.

spot_imgspot_img

Популярное