Ба Бег Зуҳуров истифода аз моҳвораи кайҳонии «AzerSpace»-ро пешниҳод карданд


Рӯзи 29-уми ноябр сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Абосалӣ Гасанов бо сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров мулоқот орост.

Тавре аз сафорати Озарбойҷон дар ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот аз қатъи алоқаи мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳо изҳори таассуф шуда, зикр гардид, ки ин ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба монеъа эҷод месозад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имконоти зиёд барои рушди ҳамкориҳо дар бахши алоқаро таъкид намуда, сафир ба ҷониби Тоҷикистон истифода аз хизматгузории моҳвораи кайҳонии «AzerSpace»-и Озарбойҷонро пешниҳод намуд.

Дар навбати худ Без Зуҳуров зикр кард, ки чандин маротиба аз Озарбойҷон боздид намуда, шоҳиди рушди босуръат ва сохтмони биноҳои хеле зебо дар ин кишвар шудааст ва изҳор кард, ки дар Душанбе низ сохтмони бинои муосири 30-ошёнаи Хадамоти алоқа ҷараён дорад.

Зуҳуров ҳамчунин ба дипломати озарбойҷонӣ хабар дод, ки санаи 2-юми декабр ҷиҳати иштирок дар конфронси байнулмилалии «Ҳамкорӣ оид ба киберамният: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» дар доираи Намоишгоҳи озарбойҷонии байнулмилалии «Телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии BakuTel 2013» ба Боку сафар мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное