Ба Бег Зуҳуров истифода аз моҳвораи кайҳонии «AzerSpace»-ро пешниҳод карданд

Рӯзи 29-уми ноябр сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Абосалӣ Гасанов бо сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров мулоқот орост. Тавре аз сафорати Озарбойҷон дар ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот аз қатъи алоқаи мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳо изҳори таассуф шуда, зикр гардид, ки ин ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба монеъа эҷод месозад. Ба иттилои манбаъ, дар […]


Рӯзи 29-уми ноябр сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Абосалӣ Гасанов бо сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров мулоқот орост.

Тавре аз сафорати Озарбойҷон дар ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот аз қатъи алоқаи мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳо изҳори таассуф шуда, зикр гардид, ки ин ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба монеъа эҷод месозад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имконоти зиёд барои рушди ҳамкориҳо дар бахши алоқаро таъкид намуда, сафир ба ҷониби Тоҷикистон истифода аз хизматгузории моҳвораи кайҳонии «AzerSpace»-и Озарбойҷонро пешниҳод намуд.

Дар навбати худ Без Зуҳуров зикр кард, ки чандин маротиба аз Озарбойҷон боздид намуда, шоҳиди рушди босуръат ва сохтмони биноҳои хеле зебо дар ин кишвар шудааст ва изҳор кард, ки дар Душанбе низ сохтмони бинои муосири 30-ошёнаи Хадамоти алоқа ҷараён дорад.

Зуҳуров ҳамчунин ба дипломати озарбойҷонӣ хабар дод, ки санаи 2-юми декабр ҷиҳати иштирок дар конфронси байнулмилалии «Ҳамкорӣ оид ба киберамният: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» дар доираи Намоишгоҳи озарбойҷонии байнулмилалии «Телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии BakuTel 2013» ба Боку сафар мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.