Р.Солиев: Иштироки Афғонистон дар ҳамгироии минтақавӣ омили рушди устувори он хоҳад буд

Рӯзи 27-уми ноябри соли равон дар шаҳри Брюссел бо ташаббуси Фонди Конрад Аденауэр мизи мудаввар дар мавзӯи «Хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ва хавфҳои пайдошаванда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ» барпо гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ширкат намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинӣ […]


Рӯзи 27-уми ноябри соли равон дар шаҳри Брюссел бо ташаббуси Фонди Конрад Аденауэр мизи мудаввар дар мавзӯи «Хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ва хавфҳои пайдошаванда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ» барпо гардид, ки дар он Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ширкат намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинӣ Намояндаи махсуси Иттиходи Аврупо дар кишвархои Осиёи Маркази Патрисия Флор, намояндагони баландпояи Комиссияи Аврупо, НАТО, марказҳои сиёсатшиносӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, сафоратҳо, Парлумони Аврупо ширкат варзиданд.

Дар маркази диққати чорабинӣ муҳокимаи чолишҳои амниятии бамиёномада баъд аз хуруҷи Нерӯҳои байналмилалӣ, инчунин роҳҳои пешгирии чолишҳои амниятӣ ва ҳалли мушкилиҳои Афғонистон муҳокима гардиданд.

Сафири Точикистон дар баромади худ инкишофи хамкорихои судманди дучонибаи Тоҷикистонро бо Афғонистон дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, мубориза алайхи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм изҳор намуд.

Ӯ қайд кард, ки тамоми кишварҳо бояд дар мубориза бо чолишҳо ва хавфҳои пайдошаванда бо Афғонистон ҳамкории амалиро ба роҳ монанд.

Сафир иброз дошт, ки иштироки Афғонистон дар ҳамгироии минтақавӣ тавассути ҳамкориҳои иқтисодиву тичоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя омили калидии таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он хоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.