Нахуствазири Ӯзбекистон ҳамтои тоҷики худро табрик кард

Дар мулоқоти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тошканд нахуствазири Ӯзбекистон ҳамтои тоҷики худ Қоҳир Расулзодаро ба муносибати ба мансаби нахуствазири Тоҷикистон таъин шуданаш табрик кард. Дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд баёнияи муштарак қабул гардида, ҳамчунин як қатор асноди ҳамкори дар бахшҳои гуногун ба имзо расид. Нахуствазирони кишварҳо […]


Дар мулоқоти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тошканд нахуствазири Ӯзбекистон ҳамтои тоҷики худ Қоҳир Расулзодаро ба муносибати ба мансаби нахуствазири Тоҷикистон таъин шуданаш табрик кард.

Дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд баёнияи муштарак қабул гардида, ҳамчунин як қатор асноди ҳамкори дар бахшҳои гуногун ба имзо расид. Нахуствазирони кишварҳо қарор дар бораи роҳандозии тадбирҳо оид ба таъсиси Бонки рушди СҲШ ва Фонди рушди Созмонро тасдиқ намуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости», қабл аз қисмати расмии ҷаласа, нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамтоҳои худро шодбош гуфта, аз номи ҳамаи ҳозирин нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба муносибати ба вазифаи нахуствазир таъин шуданаш табрик кард.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи нахуст баёнияи муштарак, изҳороти муштараки нахуствазирон дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт, барномаи огоҳии ҳамдигар аз вазъи эпидемиологии зуҳуркарда бар асари бемориҳои сироятӣ қабул шуда, дар бораи ҳисоботи молиявӣ оид ба иҷрои буҷети СҲШ дар соли гузашта ва буҷети соли оянда, таҳрири нави қоидаҳои молиявӣ дар Созмон, муқаррарот дар бораи музди меҳнат, кафолат ва ҷубронпулии мансабдорони мақомоти доимо амалкунандаи СҲШ қарорҳо ба тасвиб расиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ ҳамчунин қарор дар бораи ҳисоботи Котиботи Созмон дар бораи ҷараёни амалисозии барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисоди миёни кишварҳои узви СҲШ-ро тасдиқ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.