Таъини вазири нави корҳои хориҷии Тоҷикистон

Бо фармони президенти мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ аз мансаби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабукдӯш гардида, ба ин вазифа акнун собиқ намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Куба Сироҷиддин Аслов вазири нави корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карда шуд. Ҳамрохон Зарифӣ аз 1-уми декабри соли 2006 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. То таъинот […]


Бо фармони президенти мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ аз мансаби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабукдӯш гардида, ба ин вазифа акнун собиқ намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Куба Сироҷиддин Аслов вазири нави корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамрохон Зарифӣ аз 1-уми декабри соли 2006 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. То таъинот ба ин мансаб ӯ муддати 4 сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ИМА-ро роҳбарӣ мекард. Дар Тоҷикистон аксарият ӯро сиёсатмадори «ғарбгаро» мешуморанд ва бар ин назаранд, ки маҳз бо сари мансаб омадани ӯ муносибатҳои Русияву Тоҷикистон каме ба сардӣ гаравиданд. Худи Зарифӣ бошад, борҳо изҳор карда буд, ки ӯ танҳо аз манфиатҳои Тоҷикистон ҳимоя мекунад.


Сироҷиддин Аслов

– то соли 1995 муовини сардори Сарраёсати гидрометереологии Вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон.

Аз 15-уми майи соли 1995 – узви Кумитаи тадорукот оид ба таҳияи Барномаи давлатии экологии Тоҷикистон.

Аз соли 2003 – раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал.

Аз 12-уми феврали соли 2004 – муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Аз 22-юми ноябри соли 2005 бо фармони сарвари давлат С.Аслов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъин шуда, дар ин вазифа Рашид Олимов, сафир кунунии Тоҷикистон дар Чинро иваз намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.