Раҳмон таъсиси ҳайати нави ҳукуматро ба итмом расонд

Бо фармони президенти мамлакат собиқ директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов вазири молияи Тоҷикистон таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Сафаралӣ Наҷмуддиновро иваз кард, ки муддати 14 соли ахир дар ин мансаб ифои вазифа мекард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони дигари президент Низом […]

ASIA-Plus


Бо фармони президенти мамлакат собиқ директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов вазири молияи Тоҷикистон таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Сафаралӣ Наҷмуддиновро иваз кард, ки муддати 14 соли ахир дар ин мансаб ифои вазифа мекард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони дигари президент Низом Ҳакимов аз мансаби вазири нақлиёти ҷумҳурӣ озод гардида, ба ин вазифа Хайрулло Асоев таъин гардид.

Қаблан сарвари давлат фармони аз вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод кардани Ҳамрохон Зарифӣ ва ба ҷойи таъин шудани намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Асловро ба имзо расонид.

Ҳамин тариқ президент ҳайати нави ҳукумати ҷумҳуриро пурра таъсис дод, ки имрӯз таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахусташ баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.