Ҳодисаи навбатии ташвишовар дар шаҳри Хоруғ

Дар маҳаллаи Хлебзаводи маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ҳодисаи навбатии ташвишовар ба вуқӯъ пайваст. Бино ба иттилои сокинони маҳаллӣ, кормандони Раёсати КДАМ кӯшиш кардаанд, ки як сокини маҳаллиро барои нигаҳдории ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир созанд, вале аҳолии маҳаллӣ ба ин имкон надодааст. Тавре манбаъҳо аз шаҳри Хоруғ хабар медиҳанд, субҳи рӯзи 29-уми ноябр кормандони […]


Дар маҳаллаи Хлебзаводи маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ҳодисаи навбатии ташвишовар ба вуқӯъ пайваст. Бино ба иттилои сокинони маҳаллӣ, кормандони Раёсати КДАМ кӯшиш кардаанд, ки як сокини маҳаллиро барои нигаҳдории ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир созанд, вале аҳолии маҳаллӣ ба ин имкон надодааст.

Тавре манбаъҳо аз шаҳри Хоруғ хабар медиҳанд, субҳи рӯзи 29-уми ноябр кормандони КДАМ барои баргузор намудани кофтуков ба манзили яке аз сокинони маҳаллаи зикршуда омадаанд. Соҳиби хона аз онҳо санади иҷозати кофтуковро пурсидааст, вале онҳо гӯё онро пешниҳод карда натавонистаанд. Аз ин рӯ, соҳибхона ба онҳо гуфтааст, ки намегузорад ба манзилаш ворид шаванд ва худ пайи ҷустуҷӯи нозири милисаи минтақавӣ рафтааст. Аммо ҳангоми бозгашт дидааст, ки кормандони КДАМ аллакай ба хонааш даромада, кофтуков мегузаронанд. Гӯё зимни кофтуков 40 грамм маводи мухаддир дарёфт карда, бародари ӯро боздошт ва ба бинои Раёсати КДАМ-и вилоят бурдаанд.

Ин замон аллакай сокинони маҳаллӣ назди манзили ӯ ҷамъ омада, миёни онҳо фарзияҳое пайдо шудааанд, ки маводи мухаддирро гӯё худи кормнадони КДАМ ба хона партофтаанд ва як гурӯҳи сокинон барои муайян кардани ин ҳолат ба манзил ворид шудаанд. Аммо, ба гуфтаи сокинон, чун ин гурӯҳ ба манзил ворид шудаанд, садои тирпарронӣ баланд шудааст. Тибқи баъзе маълумот, ба ҳаво тир холӣ кардаанд, аммо чанде мегӯянд, ки як нафар захмӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ манзили зикршударо ба иҳота гирифта, талаб кардаанд, ки боздоштшуда раҳо ва кормандони КДАМ манзилро тарк кунанд. Дар навбати худ кормандони КДАМ боз ду нафари барои гуфтушунид ба манзил воридшударо боздошт намуда, онҳоро раҳо накардаанд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, ба ҷойи ҳодиса дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) ва гурӯҳи «Алфа» сафарбар шуда, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ дар онҷо ҳузур доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.