Раиси нави Хатлон журналистонро ба «худӣ»-ҳову «бегона» ҷудо кард

Вохӯрии аввали раиси тозатаъини вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов бидуни журанлистони минтақавии васоити ахбори умуми мустақил баргузор шуд. Як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ба вохӯрӣ бо роҳбари вилоят танҳо кормандони васоити ахбори умуми ҳукуматӣ даъват шуда буданд ва журналистони васоити ахбори умуми мустақил дар манотиқ дар […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Вохӯрии аввали раиси тозатаъини вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов бидуни журанлистони минтақавии васоити ахбори умуми мустақил баргузор шуд.

Як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ба вохӯрӣ бо роҳбари вилоят танҳо кормандони васоити ахбори умуми ҳукуматӣ даъват шуда буданд ва журналистони васоити ахбори умуми мустақил дар манотиқ дар рӯйхати даъватшудагон ҳузур надоштанд.

Рустам Сафаров, хабарнигори минтақавии агентии иттилоотии «TojNews» дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бо изҳори таассуф аз чунин амал зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият дар мансаб раиси вилоят аллакай журналистонро ба «худӣ»-ҳову «бегона» ҷудо карда, шояд бо усули «тафриқа андозу ҳукмронӣ кун» фаъолият карданӣ бошад. «Мо ҳама ба нафъи минтақа ва дар маҷмӯъ некӯаҳволиву рушди кишвар талош меварзем, вале мутаассифона, як зумра мансабдорон моро намефаҳманд», – гуфт ӯ.

Журналист Ясриби Карим низ аз чунин муносибат изҳори норозигӣ карда, иброз дошт, ки «ҳамчун рӯзноманигори ҷавон аз тағйироти ахири кадрӣ умедвориҳои зиёд дошт». «Ман ба вохӯрӣ бо раиси нави яке аз бузургтарин вилояти ҷумҳурӣ интизорӣ доштам ва гумон намекардам, ки пушти дари ҳукумати вилоят мемонам», – афзуд журналист.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.