Зимни боздид аз Тоҷикистон роҳбари ширкати «Serge Kozak»-и Латвия Сергей Литвиненко ба роҳиоҳанчиёни тоҷик сохтмони шохаҳои роҳи оҳанро пешниҳод намуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати нақлиёти ҶТ, муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров роҳбари ширкати латвиягиро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили сохтмони роҳҳои оҳан дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва шохаҳои роҳҳои оҳане, ки Тоҷикистонро убур мекунанд, баррасӣ шуд.
Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бобати мушаххасан аз сохтмони кадом роҳи оҳан сухан рафтанро шарҳ надода, танҳо зикр карданд, ин гуфтушунидҳо дар марҳилаи ибтидоӣ қарор доранд.
Дар сомонаи ширкати «Serge Kozak» иттилоъ дода мешавад, ки ширкат соли 2008 таъсис дода шуда, ба ҷуз сохтмони шабакаҳои роҳи оҳан миёни Аврупои Шарқӣ ва Шарқи Наздику Осиёи Марказӣ, тиҷорати байнулмилалии зироати ғалладона ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Украинаву Русия ва Қазоқистон ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ низ аз самтҳои асосии фаъолияти ширкат маҳсуб меёбанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ширкат ҳамчунин ба тиҷорати байнулмилалии нафту маҳсулоти нафтӣ – мазут, сӯзишвории дизелӣ, парафин ва дигар маҳсулоти нафту кимиёвӣ низ машғул аст.



