Раҳмон: Соли 2020 сатҳи камбизоатӣ то 20% коҳиш меёбад

Зимни суханронӣ дар маҷлиси нахусти ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҳайати нав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки бо таъмини иҷрои самараноки Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то соли 2015-ум 30 фоиз ва то соли 2020 ба ба 20 фоиз коҳиш меёбад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон […]


Зимни суханронӣ дар маҷлиси нахусти ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҳайати нав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки бо таъмини иҷрои самараноки Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то соли 2015-ум 30 фоиз ва то соли 2020 ба ба 20 фоиз коҳиш меёбад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар ин раванд пешбинӣ мегардад, ки дар натиҷаи татбиқи афзалиятҳои миллӣ иқтисоди мамлакатамон дар соли 2020 беш аз 80 фоиз афзуда, рушди босуботи Тоҷикистон таъмин карда шавад.

«Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат то соли 2020 ба ҳар сари аҳолӣ бояд якуним –ду баробар афзоиш ёфта, вазни қиёсии даромад ва хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 25 фоиз ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз 12 то ба 16 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи сарвари давлат, бо амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда имкон пайдо хоҳад шуд, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз дуюним то се баробар зиёд карда шавад.

Дар суханронии президенти мамлакат таъкид шуд, ки ҳукумат ва сохтору мақомоти дахлдори он вазифадоранд, ки бо мақсади таҷдиду азнавсозӣ кардани инфрасохтори шаҳраку деҳот дар муҳлатҳои наздиктарин барномаи “Рушди деҳот”-ро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.