Пешниҳоди сохтмони роҳи оҳан ба Тоҷикистон аз ширкати «Serge Kozak»

Зимни боздид аз Тоҷикистон роҳбари ширкати «Serge Kozak»-и Латвия Сергей Литвиненко ба роҳиоҳанчиёни тоҷик сохтмони шохаҳои роҳи оҳанро пешниҳод намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати нақлиёти ҶТ, муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров роҳбари ширкати латвиягиро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили сохтмони роҳҳои оҳан дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва шохаҳои роҳҳои оҳане, […]


Зимни боздид аз Тоҷикистон роҳбари ширкати «Serge Kozak»-и Латвия Сергей Литвиненко ба роҳиоҳанчиёни тоҷик сохтмони шохаҳои роҳи оҳанро пешниҳод намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати нақлиёти ҶТ, муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Ҷумъахон Зуҳуров роҳбари ширкати латвиягиро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили сохтмони роҳҳои оҳан дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва шохаҳои роҳҳои оҳане, ки Тоҷикистонро убур мекунанд, баррасӣ шуд.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бобати мушаххасан аз сохтмони кадом роҳи оҳан сухан рафтанро шарҳ надода, танҳо зикр карданд, ин гуфтушунидҳо дар марҳилаи ибтидоӣ қарор доранд.

Дар сомонаи ширкати «Serge Kozak» иттилоъ дода мешавад, ки ширкат соли 2008 таъсис дода шуда, ба ҷуз сохтмони шабакаҳои роҳи оҳан миёни Аврупои Шарқӣ ва Шарқи Наздику Осиёи Марказӣ, тиҷорати байнулмилалии зироати ғалладона ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Украинаву Русия ва Қазоқистон ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ низ аз самтҳои асосии фаъолияти ширкат маҳсуб меёбанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ширкат ҳамчунин ба тиҷорати байнулмилалии нафту маҳсулоти нафтӣ – мазут, сӯзишвории дизелӣ, парафин ва дигар маҳсулоти нафту кимиёвӣ низ машғул аст.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.