Рустами Эмомалӣ сардори Хадамоти гумрук таъин шуд

Имрӯз зимни ҷаласаи нахусти ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳайати нав писари калонии президент Рустами Эмомалӣ сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон таъин карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат сардори собиқи ин ниҳоди давлатӣ Гурез Зарипов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд. Фаъолияти худро […]


Имрӯз зимни ҷаласаи нахусти ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳайати нав писари калонии президент Рустами Эмомалӣ сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат сардори собиқи ин ниҳоди давлатӣ Гурез Зарипов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд.

Фаъолияти худро дар Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ аз вазифаи сардори Раёсати мубориза бо қонуншиканиҳои гумрукӣ оғоз намуда, сипас муовини сардори Хадамоти гумрук таъин гардида буд.


Маълумотнома:

Рустами Эмомалӣ 19-уми январи соли 1987 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи «Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шунавандаи курсҳои Академияи дипломатии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалии Маскав (МГИМО) аст. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ фаъолият дошт. Яке аз муассисон ва молики дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби як духтарча аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.