Як қатор тағйироти кадрӣ дар сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ

Дар маҷлиси имрӯзаи ҳукумат таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори ҳукумат як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Бахтия Муҳаммадиева бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Ддректори Агентии омори назди президенти Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ собиқ раиси Раёсати БДА «Амтнатбонк» Гулнора Ҳасанова ба […]


Дар маҷлиси имрӯзаи ҳукумат таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори ҳукумат як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Бахтия Муҳаммадиева бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Ддректори Агентии омори назди президенти Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ собиқ раиси Раёсати БДА «Амтнатбонк» Гулнора Ҳасанова ба ин мансаб таъин гардид. Собиқ муовини вазири молияи ҶТ Ҷамшед Норинов ба вазифаи Раиси раёсати БДА «Амонатбонк» таъин карда шуд.

Абдувалӣ Комилов аз вазифаи Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳомидҷон Ҳасанов аз вазифаи Муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамчунин Раҳматулло Каримов аз вазифаи Муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Ашӯралӣ Мирзоев Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Мурод Ҷумъаев аз вазифаи Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ба вазифаи Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиҷовидин Мирзоев таъин карда шуд.

Азизулло Исматов аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба вазифаи Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.