Баррасии масъалаи таъсиси Бонки рушди СҲШ дар Тошканд

Дар ҷаласаи XI-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тошканд санаи 29-уми ноябр нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкории бисёрҷониба тиҷоративу иқтисодӣ дар доираи Созмон бахшҳои сармоягузорӣ ва молиявӣ мебошанд. «Барои такони нав бахшидан ба рушди ин соҳаҳо қабули ҳарчи зудтари қарорҳои мувофиқашуда оид ба роҳандозии […]


Дар ҷаласаи XI-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тошканд санаи 29-уми ноябр нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкории бисёрҷониба тиҷоративу иқтисодӣ дар доираи Созмон бахшҳои сармоягузорӣ ва молиявӣ мебошанд.

«Барои такони нав бахшидан ба рушди ин соҳаҳо қабули ҳарчи зудтари қарорҳои мувофиқашуда оид ба роҳандозии фаъолияти Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалияноки иқтисодӣ ва зербиноӣ дар доираи Созмон зарур буда, зимни гуфтушуниди имрӯза доир ба дастгирии таъсиси ин ниҳодҳо ба мувофиқаи усулӣ расидем», – иброз доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон лоиҳаҳои муҳим барои иштирокчиёни Созмон аз ҷониби иттиҳодияи байнибонкӣ маблағгузорӣ мешаванд. Бо мақсади минбаъд пурсамар маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои муштарак Русия таъсис Фонди рушди СҲШ ва Чин таъсиси Бонки рушди СҲШ-ро пешниҳод доранд. Акнун нахуствазиронро лозим аст, ки ҷиҳати маблағгузории пурсамари лоиҳаҳои муштарак қарори қобили қабули ҳама ва беҳтарин дар ин масъаларо дарёб намоянд.

Ёдрас мекунем, ки Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, ба ҳайати он кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Давлатҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон кишварҳои нозири СҲШ ва Белорусу Туркия ва Шри-Ланка мақоми шарикон оид ба муколама дар созмонро доро мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.