Мусодираи ним кило афюн дар Панҷакент


Кормандони Шӯъбаи байниминтақавии гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар  натиҷаи гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ҷамоати Ҳ.Ҳасани ноҳияи Панҷакент дар гумонбарӣ ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини маҳалии 42-соларо боздошт намуданд

Тавре аз АНМН назди президенти ҶТ хабар доданд, дар вақти дастгирӣ намудан аз гумонбар як пакети селофанӣ бо маводи хамирмонанди рангаш ҷигарӣ бо бӯйи махсус ёфт ва мусодира карда шуд.

Мутобиқи ташхиси гузаронидашуда, маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари навъи «афюн» буда, вазни он ним килоро ташкил дод.

Аз рӯи  суханони дастгиршуда, ӯ, маводи нашъаоварро барои минбаъд фурӯхтан дар ҳудуди вилояти Суғд дастрас намудааст. 

Мутобиқи ин ҳодиса парванди ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муввақатии РАНМН вилояти Суғд  ворид шудааст. 

Айни замон дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозшуда чорабиниҳои тафтишотӣ-оперативӣ барои муайян намудани дигар шахсони ба ин амал даст дошта идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное