Адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов бо дархости қабули онҳо аз ҷониби президент ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуданд, то ки ба президент дар бораи ҷузъиёти қонуншиканиҳову сохтакориҳо дар парвандаи ҷиноӣ нисбати зерҳимояашон бештар маълумот диҳанд.
Дар зери муроҷиати интишоршуда ҳарсе адвокатҳои Зайд Саидов – Фахриддин Зокиров, Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов имзо гузоштаанд.
«Мо дигар илоҷе ба ҷуз вохӯрӣ бо шуморо намебинем, зеро бовар дорем, ки яке аз сабабҳои ин вазъи ногувор дар он ифода меёбад, ки сохторҳои дахлдор кӯшиши аз шумо пинҳон нигоҳ доштани воқеъияти тафтиши парвандаро доранд», – мегӯянд адвоактҳо дар муроҷиати худ, ки дар он далелҳои риоя нагардидани Конститутсия ва Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ зимни тафтиши парвандаи ҷиноӣ зикр шудааст.
«Дар маҷмӯъ сари қонуншиканиҳо, поймол гардидани ҳуқуқҳои зерҳимояи мо ва якҷониба ҷараён гирифтани тафтиш сухан меравад. Моҳияти ин мавқеъ на дар дарёфти ҳақиқат, балки дар он ифода мегардад, ки Зайд Саидовро мавриди туҳмат қарор дода, айбномаҳои вазнинро ба сари ӯ бор карданианд», – изҳор мекунанд адвокатҳо.
Ба сифати намуна ҳимоягарон далелҳои ҳанӯз қабл аз оғози тафтиши парванда паҳн гардидани китобчаҳои тӯҳматомез ба унвони Зайд Саидов, барномаҳои телевизионӣ дар шабакаҳои давлатии телевизион бо ҳамин мазмун аз ҷониби Агентии зиддифасодро мисол меоранд.
Ҳамчунин онҳо бо айбномаҳои марбут ба таҷовуз ба номус нисбати зерҳимояашон розӣ нестанд. Ба андешаи онҳо, «ин як айбномаи холӣ аст», хулосаи ташхиси ДНК бошад, аз ҷониби худи муфаттишон сохтакорӣ шудааст, зеро
озмоишгоҳи «БиоПапа»-и Маскав
эҳтимоли падар будани Зайд Саидовро, ки гӯё соҳибкор даст ба таҷовузи номуси ӯ задааст, тасдиқ накард.
Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Холмуродов, роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ оид ба парвандаи Зайд Саидов мегӯяд, дар хулосаи аввали ташхиси ДНК, ки эҳтимоли падарии соҳибкорро тасдиқ мекунаду модараш ӯро ба таҷовуз ба номус айбдор кард,
сохтакорӣ ҷой надорад.
Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.
Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.



