Мурофиаи табибони гиторнавози ҳалокшудаи гурӯҳи «Парем»

Аввали ҳафтаи равон дар суди ноҳияи Синои пойтахт мурофиаи судӣ нисбати табибони гиторнавози гурӯҳи «Парем» Ҳакимҷон Ҳазратқулов, ки аввали моҳи апрел дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ҳалок шуд, оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Сино хабар дод, дар курсии ҷавобгарӣ мудири шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ Илҳом […]


Аввали ҳафтаи равон дар суди ноҳияи Синои пойтахт мурофиаи судӣ нисбати табибони гиторнавози гурӯҳи «Парем» Ҳакимҷон Ҳазратқулов, ки аввали моҳи апрел дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ҳалок шуд, оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Сино хабар дод, дар курсии ҷавобгарӣ мудири шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ Илҳом Носиров ва табибони шӯъба Шуҳрат Бобоев ва Осаф Сафаров қарор доранд. Рӯзи ҷумъа аз музокироти ҷонибҳо дар мурофиа интизорӣ меравад.

Рӯзи 17-уми марти соли ҷорӣ Ҳазратқулов бо ҷароҳати мағзи сар ба бинои 5-уми шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, баъди гузашти 43 рӯз дар ин шуъба фавтид.

Ҳарчанд ташхис ва муолиҷа дар ин шуъба ройгон аст, баргузории ҷараёни табобат ба зиммаи Илҳом Носиров ва зертобеъони ӯ вогузор шуда, аммо бо маслиҳати пешакӣ ва истифода аз вазъи душвори волидайни бемор, табибон падари нафақахӯри ӯ –  Муродқул Ҳазратқуловро маҷбур мекунанд, ки барои муолиҷа ва харидани доруворӣ маблағи пулӣ пардохт намояд.

Ҳамин тариқ, Илҳом Носиров муддати 43 рӯз аз падари бемор ба сифати пора 10 ҳазору 470 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст. Барои харидани доруворӣ, ташкили навбатдорӣ, таъмин бо ғизо ва ғайра падари Ҳазратқулов дар маҷмӯъ 104 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот намудааст.

Пас аз фавти бемор дар шуъбаи эҳёгарӣ, Муродқул Ҳазратқулов ба Илҳом Носиров муроҷиат намуда, аз ӯ дархост мекунад, ки як қисмати маблағҳои ба сифати мукофотпулӣ барои табобати «пурсамари» писараш гирифтаро баргардонад. Санаи 16-уми июл Носиров дар ҳуҷраи кории худ як қисмати маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомониро ба Ҳазратқулов баргардонида, ин ҳангом аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод дастгир шудааст. Аз ҳамкорони ӯ барои тарк накардани маҳалли зист баёнот гирифта шуд.

Нисбат ба табибон мутобиқи моддаи 324-и КҶ ҶТ (Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.