Ҳукумати Русия созишномаи таҳвили бебоҷи сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро маъқул шуморид

Комиссияи ҳукумати Русия оид ба фаъолияти лоиҳаи қонунгузорӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтӣ»-ро, ки аз ҷониби ВКХ дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетикаи Русия пешниҳод шуд, маъқул шуморид. Дар ин бора дар сомонаи ҳукумати Русия хабар дода мешавад. Бино ба иттилои манбаъ, ин созишнома […]


Комиссияи ҳукумати Русия оид ба фаъолияти лоиҳаи қонунгузорӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтӣ»-ро, ки аз ҷониби ВКХ дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетикаи Русия пешниҳод шуд, маъқул шуморид. Дар ин бора дар сомонаи ҳукумати Русия хабар дода мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, ин созишнома як қисмати бастаи аснодест, ки ба он ҳамчунин Созишномаҳо дар бораи тамдиди муддати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия низ дохил мешаванд. Дар маҷмӯъ ин созишномаҳо ба таҳкими робитаҳои ҳамгиройӣ миёни Тоҷикиситону Русия равона шудаанд.

Ҳамин тариқ, бар асоси зербанди «а», банди 1-и модддаи 15-и Қонуни федералӣ «Дар бораи шартномаҳои байнулмилалии Федератсияи Русия», ин созишнома бояд тасдиқ гардад. Лоиҳаи қонун дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ мешавад. Аз нимаи моҳи ноябр ин созишнома то муддати комилан тасдиқ шуданаш, муваққатан мавриди истифода қарор дорад.

Шурӯъ аз 12-уми ноябр ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон интиқоли сӯзишворӣ аз корхонаҳои коркарди нафти Русияро

бидуни назардошти боҷи содиротӣ

оғоз намуданд, ки ба поинравии нархи маҳсулоти нафтӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Воридоти ҳаҷми аввали сӯзишвории бидуни боҷи содиротӣ аз Русия аллакай аввали моҳи декабр дар назар буда, бензини навъи АИ-92 аз 6,40 сомонии имрӯза метавонад то 5 сомонӣ барои 1 литр арзон шавад.

Созишномаи мазкурро ҳукумати Тоҷикистон моҳи май тасдиқ намуд, вале аз ҷониби ҳукумати Русия ин санад ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст. Мутобиқи тавозуни индикативии маъқулшуда, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни ситонидани боҷи содиротӣ бо назардошти талаботи афзояндаи ҷумҳурӣ дар сатҳи 1 млн. тонна дар як сол пешбинӣ шудааст.

Қаблан аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар робита ба ин масъала иттилоъ дода буданд, ки тавозуни индикативии сӯзишворӣ, ки дар он

талаботи солонаи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ

дарҷ меёбад, Вазорати энергетикаи Русия дастрас ва ба баррасии он шурӯъ намудааст. Ахири соли 2012 низ Тоҷикистон аз Русия воридоти 1 млн. тонна маҳсулоти нафтиро дархост намуда буд, ки 610 ҳазор тоннаашро бензину сӯзишвории дизелӣ ташкил дода буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.