Боздиди соҳибкорони Туркия аз МОИ «Данғара»

Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқоти раиси Палата, ҳамраиси Шӯрои кории Тоҷикистону Туркия Шариф Саид бо ҳайати соҳибкорони Туркия таҳти роҳбарии директори генералии ДИЕК, ҳамраиси Шӯрои кории Тоҷикистону Туркия Махмуд Эр баргузор шуд. Дар вохӯрӣ сафири Туркия дар Тоҷикистон Мехмет Мӯнис Дерек низ ҳузур дошт. Ҳайати Туркия аз намояндагони ширкатҳои «Кока-Кола Ичеджек А.Ш.», «Трие […]


Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқоти раиси Палата, ҳамраиси Шӯрои кории Тоҷикистону Туркия Шариф Саид бо ҳайати соҳибкорони Туркия таҳти роҳбарии директори генералии ДИЕК, ҳамраиси Шӯрои кории Тоҷикистону Туркия Махмуд Эр баргузор шуд. Дар вохӯрӣ сафири Туркия дар Тоҷикистон Мехмет Мӯнис Дерек низ ҳузур дошт.

Ҳайати Туркия аз намояндагони ширкатҳои «Кока-Кола Ичеджек А.Ш.», «Трие Диш Тиджарет Лтд.», «Шнайдер Электрик», «Дизайн Груп», «Санта Фарма Илач Санайи А.Ш.»  иборат буд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ҳадаф  аз вохӯрӣ  шиносоӣ бо муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, имконоти иқтисодии он, таҳлили вазъи робиттаҳои тиҷоративу иқтисодии мавҷуда миёни кишварҳо аст. Шариф Саид ба меҳмонон дар бораи бахшҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон, имконоти сармоягузорӣ ба онҳо маълумот дода, соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳкорӣ, ранга, кимиёвӣ, сабук, саноати коркард, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тиб, дорусозӣ, дандонпизишкӣ аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ унвон шуданд.

Маҳмуд Эр низ доир ба фаъолияти ДЕИК, тадбирҳои амалишуда дар доираи фаъолияти Шӯрои корӣ, афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ, зарурати баргузор намудани вохӯриҳои дуҷониба ва ҳамоишҳои тиҷоратӣ ҷиҳати муайян кардани имконоти сармоягузорӣ ибрози назар кард.

Зимнан зикр гардид, ки муддати ду рӯзи минбаъда ҳайати Шӯрои кории Тоҷикистону Туркия дар вазоратҳои рушди иқтисоду савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ гуфтушунидҳо анҷом дода, аз минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Данғара боздид ва бо доираҳои кории ин минтақа вохӯриҳо мегузаронад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.