Намояндагони Тоҷикистон дар семинари КФО барои комиссарони бозиҳо

Сармутахассиси шуъбаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ва собиқ менеҷери дастаи мунтахаби футболи ҷумҳурӣ Нур Умаров дар семинари Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) барои комисарони вохӯриҳо иштирок мекунанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, семинар аз 4 то 6-уми декабр дар маркази тиҷорати меҳмонхонаи «Berjaya Times Square»-и шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои семинар […]


Сармутахассиси шуъбаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ва собиқ менеҷери дастаи мунтахаби футболи ҷумҳурӣ Нур Умаров дар семинари Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) барои комисарони вохӯриҳо иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, семинар аз 4 то 6-уми декабр дар маркази тиҷорати меҳмонхонаи «Berjaya Times Square»-и шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои семинар иштирокчиёни муваффақона аз санҷишҳо гузашта комисарони КФО дар соли оянда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, аз 10 то 15-уми декабр дар шаҳри Куала-Лумпур барои доварони футболи хурд (футзал) курсҳои омӯзишӣ доир мегарданд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи доварони ФФФТ Абдураҳим Бобоев намояндагӣ хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.