Шоҳ Искандаров сардори ШВКД дар Турсунзода таъин шуд

Рӯзи 3-юми декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурилло Орипов аз вазифаи Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ ва Шералӣ Сабзов ва Саид Ҷӯрахонов аз мақоми муовинҳои Вазири корҳои […]


Рӯзи 3-юми декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурилло Орипов аз вазифаи Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ ва Шералӣ Сабзов ва Саид Ҷӯрахонов аз мақоми муовинҳои Вазири корҳои дохилӣ озод карда шуданд.

Ба вазифаи Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков, ки то ин вақт Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе буд, таъин карда шуд. Икром Умаров Муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.

Бо мувофиқат бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини собиқи роҳбари ин вазорат Саид Ҷӯрахонов Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Муовини собиқи Вазири корҳои дохилӣ Шералӣ Сабзов Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт таъин карда шуданд.

Ҳамчунин дар мувофиқат бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Файзулло Нозимов Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Рустам Шафиев Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт, Муҳамадшо Искандаров Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода ва Тоҳирҷон Норматов Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ таъин карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳо онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфта ҳидоят намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ба поксозии сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз шахсони тасодуфӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.