Баррасии ҳамкории мақомоти зиддимухаддиротии Тоҷикистону Афғонистон дар АНМН

Бо ташаббуси “Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷингояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он барои солҳои 2011-2014”  аз 30 ноябр то 2 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конференсия оид ба ҳамкории Афғонистон ва Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир ва пешрафти ҳайёти солим баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита […]


Бо ташаббуси “Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷингояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он барои солҳои 2011-2014”  аз 30 ноябр то 2 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конференсия оид ба ҳамкории Афғонистон ва Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир ва пешрафти ҳайёти солим баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар Конфронси мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муовини вазири корҳои дохилӣ Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини вазири мубориза бар зидди маводи мухаддир Шерзод Ҳорун, раиси вилояти Бадахшон Шоҳ Вали Адиб ва дигар сарони қавмии вилоятҳо ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Инчунин аз ҷониби  Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ситод, сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, сардори раёсатҳои дар РАНМН ВМКБ ва Хатлон, сардорони шӯъбаҳои ноҳияи Ишкошим ва шаҳри Кулоб, кормандони шӯъбаи равобит бо ҷомеа ва шӯъбаи байналмилалӣ ва таъминоти ҳуқуқии Ситоди Агентӣ, корманди ВКД ҶТ, намояндагони  ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сарони қавмии ВМКБ иштирок намуданд.

Ҳар як иштирокчии конфронс оид ба мавзӯи рӯз баромад намуда, оид ба вазъи нашъамандӣ, чорабиниҳое, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва ноҳияҳои наздисарҳади мегузаронанд, қайд карда гузаштанд.

Мақсади асосии Конфронси мазкур ин мустаҳкам намудани  ҳамкорӣ байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сарони қавмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир буд.

Дар ҷараёни конфронс аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзӯи марбут як чанд таклифу пешниҳод шуд. Ҳамзамон барои амалӣ намудани чорабиниҳои пешниҳод гардида, тавсия дода шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён ва мутахассионе, ки бевосита дар самти  пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир фаъолият мекунанд, гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.