Баррасии ҳамкории мақомоти зиддимухаддиротии Тоҷикистону Афғонистон дар АНМН

spot_imgspot_img

Дата:


Бо ташаббуси “Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷингояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он барои солҳои 2011-2014”  аз 30 ноябр то 2 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конференсия оид ба ҳамкории Афғонистон ва Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир ва пешрафти ҳайёти солим баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар Конфронси мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муовини вазири корҳои дохилӣ Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини вазири мубориза бар зидди маводи мухаддир Шерзод Ҳорун, раиси вилояти Бадахшон Шоҳ Вали Адиб ва дигар сарони қавмии вилоятҳо ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Инчунин аз ҷониби  Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Ситод, сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, сардори раёсатҳои дар РАНМН ВМКБ ва Хатлон, сардорони шӯъбаҳои ноҳияи Ишкошим ва шаҳри Кулоб, кормандони шӯъбаи равобит бо ҷомеа ва шӯъбаи байналмилалӣ ва таъминоти ҳуқуқии Ситоди Агентӣ, корманди ВКД ҶТ, намояндагони  ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва сарони қавмии ВМКБ иштирок намуданд.

Ҳар як иштирокчии конфронс оид ба мавзӯи рӯз баромад намуда, оид ба вазъи нашъамандӣ, чорабиниҳое, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва ноҳияҳои наздисарҳади мегузаронанд, қайд карда гузаштанд.

Мақсади асосии Конфронси мазкур ин мустаҳкам намудани  ҳамкорӣ байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сарони қавмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир буд.

Дар ҷараёни конфронс аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзӯи марбут як чанд таклифу пешниҳод шуд. Ҳамзамон барои амалӣ намудани чорабиниҳои пешниҳод гардида, тавсия дода шуд, ки аз ҷониби иштирокчиён ва мутахассионе, ки бевосита дар самти  пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир фаъолият мекунанд, гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...