Мурофиаи табибони гиторнавози ҳалокшудаи гурӯҳи «Парем»

spot_imgspot_img

Дата:


Аввали ҳафтаи равон дар суди ноҳияи Синои пойтахт мурофиаи судӣ нисбати табибони гиторнавози гурӯҳи «Парем» Ҳакимҷон Ҳазратқулов, ки аввали моҳи апрел дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ҳалок шуд, оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Сино хабар дод, дар курсии ҷавобгарӣ мудири шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ Илҳом Носиров ва табибони шӯъба Шуҳрат Бобоев ва Осаф Сафаров қарор доранд. Рӯзи ҷумъа аз музокироти ҷонибҳо дар мурофиа интизорӣ меравад.

Рӯзи 17-уми марти соли ҷорӣ Ҳазратқулов бо ҷароҳати мағзи сар ба бинои 5-уми шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, баъди гузашти 43 рӯз дар ин шуъба фавтид.

Ҳарчанд ташхис ва муолиҷа дар ин шуъба ройгон аст, баргузории ҷараёни табобат ба зиммаи Илҳом Носиров ва зертобеъони ӯ вогузор шуда, аммо бо маслиҳати пешакӣ ва истифода аз вазъи душвори волидайни бемор, табибон падари нафақахӯри ӯ –  Муродқул Ҳазратқуловро маҷбур мекунанд, ки барои муолиҷа ва харидани доруворӣ маблағи пулӣ пардохт намояд.

Ҳамин тариқ, Илҳом Носиров муддати 43 рӯз аз падари бемор ба сифати пора 10 ҳазору 470 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст. Барои харидани доруворӣ, ташкили навбатдорӣ, таъмин бо ғизо ва ғайра падари Ҳазратқулов дар маҷмӯъ 104 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот намудааст.

Пас аз фавти бемор дар шуъбаи эҳёгарӣ, Муродқул Ҳазратқулов ба Илҳом Носиров муроҷиат намуда, аз ӯ дархост мекунад, ки як қисмати маблағҳои ба сифати мукофотпулӣ барои табобати «пурсамари» писараш гирифтаро баргардонад. Санаи 16-уми июл Носиров дар ҳуҷраи кории худ як қисмати маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомониро ба Ҳазратқулов баргардонида, ин ҳангом аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод дастгир шудааст. Аз ҳамкорони ӯ барои тарк накардани маҳалли зист баёнот гирифта шуд.

Нисбат ба табибон мутобиқи моддаи 324-и КҶ ҶТ (Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...